29 июли соли 2023 дар бинои Консулгарӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Новосибирск, Томск, Кемерова, Алтай ва Новокузнетск баргузор гардид.
Общественный совет при Посольстве Республики Таджикистан в Российской Федерации
7 августи соли ҷорӣ дар бинои намояндагии дипломатӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Латифзода Асрор – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Консули генералӣ ва ҳайати кормандони намояндагӣ баргузор гардид.
23 августи соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Федератсияи Россия Шафқат Али Хан ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Федератсияи Россия бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд.