Общественный совет при Посольстве Республики Таджикистан в Российской Федерации

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби занону бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангинӣ фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд. 
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва

7 сентябри соли 2023 дар шаҳри Москва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.  
Дар чорабинии тантанавӣ  аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ,  аъзоёни Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои  ахбори  омма, аҳли  илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Россия  иштирок намуданд.

Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Фестивали варзиш ва санъат дар шаҳри Москва

Ин чорабинӣ мухлисони ҳақиқии жанри симулятори футболро ҷамъ овард.
Иштирокчиёни мусобиқа дар толори васеи бозиҳо, ки махсус барои баргузории чунин чорабиниҳо муҷаҳҳаз карда шудааст, ҷамъ омаданд, ки ба онҳо имкон дод, ки пурра ба воқеияти виртуалии муборизаҳои футбол ғарқ шаванд.

Фестивали варзиш ва санъат дар шаҳри Москва
БОШҚИРДИСТОН: ТОҶИКОН ФАЪОЛИЯТИ НАМУНАВӢ ДОРАНД

Зикр гардид, ки тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, маданиву фарҳангӣ ва варзишии Ҷумҳурии Бошқирдистон фаъолият намуда, дар рушди иқтисодии кишвари мазкур саҳмгузорӣ менамоянд. 
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки фаъолияти тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Бошқирдистон намунаи ибрат буда, мушкилотҳои ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута баррасӣ карда мешаванд.

БОШҚИРДИСТОН: ТОҶИКОН ФАЪОЛИЯТИ НАМУНАВӢ ДОРАНД
РОҲБАРИ ТОҶИКОН ДАР ШАҲРИ КОВРОВ БО НИШОНИ ФАХРӢ САРФАРОЗ ГАРДИД

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Коврови вилояти Владимири Федератсияи Россия тоҷикони муқимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият намуда, Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Ковров низ бо баргузории чорабиниҳои мухталиф ва муосидат ба ҳалли мушкилоти тоҷикони шаҳр мунтазам фаъолияти густурда менамояд. 

РОҲБАРИ ТОҶИКОН ДАР ШАҲРИ КОВРОВ БО НИШОНИ ФАХРӢ САРФАРОЗ ГАРДИД