Дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол» баргузор гардид
11 август дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол», ки ба муваффақияту дастовардҳои футболи Тоҷикистон дар даҳ соли охир таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст, баргузор гардид.
Филми ҳуҷҷатӣ бо ташаббуси бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва шабакаи телевизионии «Варзиш» омода шудааст. Дар маросими нахустнамоиши филм роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин собиқадорон ва мухлисони футбол, футболбозон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар филми «Фасли навини футбол» аз муваффақиятҳои футболи тоҷик дар солҳои охир ёдовар шудааст. Дар он мусоҳибаҳои вижа аз президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, собиқадорони зиёди футболи тоҷик — Шариф Назаров, Муҳсин Муҳаммадиев, Игор Черевченко, роҳбарони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар, Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва ғайра истифода шудаанд.